Театрҳои Тоҷикистон дар Фестивали 40-уми байналмилалии театрӣ дар Теҳрон «Фирдавсӣ» ва «Лаъли Бадахшон»-ро намоиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 16 феврал дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Фестивали 40-уми байналмилалии театрии «Фаҷр» доир мегардад, ки дар он ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷашнвораи мазкур Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоиши «Фирдавсӣ»-ро аз рӯи асари Сотим Улуғзода ва Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ намоиши «Лаъли Бадахшон»-ро аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус манзури тамошобинони хориҷӣ менамоянд.
Тибқи барномаи ҷашнвора, театрҳои Тоҷикистон 12-13 феврал намоишҳои хешро пешниҳод менамоянд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






