Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ лоиҳа оид ба шуғли фосилавиро амалӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 09.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаи «Импакт сорсинг» барои пешбарии лоиҳа оид ба шуғли фосилавӣ ба имзо расид. Дар доираи ин барнома 750 нафар ба малакаҳои компютерӣ фаро гирифта мешаванд, ки он ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ буда, барои фаъолият дар самти шуғли фосилавӣ аз асоситарин шарти кор маҳсуб мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Қарордоди мазкурро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода ва директори Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» Фаррух Умаров ба имзо расониданд.
Ширин Амонзода зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон пайваста тадбирҳои муассир андешида, шуғли фосилавӣ яке аз роҳҳои муосир барои таъминоти аҳолӣ ба ҷойи кори доимӣ мебошад.
«Шунавандагони ин лоиҳа, аслан шахсоне мебошанд, ки дар ҷустуҷӯи кори маҷозӣ — онлайнӣ ҳастанд ё мехоҳанд барои дастрасӣ доштан ба ҷойҳои кории маҳаллӣ малакаҳои худро такмил диҳанд. Курсҳои омўзишӣ бо дастгирии ЮНИСЕФ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, таҳсил дар ин курсҳо ройгон мебошанд»,-Вазир.
Иттилоъ дода шуд, ки «Импакт сорсинг» як амалияи фарогири шуғлофарии муосир буда, бо мусоидати он ширкатҳо тавассути занҷираҳои глобалии таъминот шаҳрвандонро барои иҷрои кор кироя менамоянд ва аз тариқи воситаи электронӣ иҷрои кор сурат мегирад.
Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» яке аз ҳамкорони Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) буда, мақсади лоиҳаи мазкур таҳия ва ҷорӣ намудани шакли шуғли фосилавӣ барои ҷавонон мебошад.
Нафароне, ки хоҳиш доранд дар ин лоиҳа иштирок намоянд, метавонанд тавассути телефон ва ё почтаи электронӣ бо масъулони Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» дар тамос бошанд.
Ёдовар мешавем, ки модели шуғли фосилавӣ барои ҷавонон шакли нави ташкили шуғл (кор берун аз дафтари корӣ) буда, ба корманд имкон медиҳад, ки вазифаҳои меҳнатии худро берун аз иншооти корфармо бо истифода аз технологияи иттилоотӣ, тавассути Интернет дар реҷаи воқеӣ, новобаста аз реҷаи кор ва ҷои истиқомат иҷро намояд.
Ҳамчунин ташкили шуғли фосилавӣ дар муқоиса ба шуғли анъанавӣ барои корфармоён шароит фароҳам меорад, ки берун аз дафтари корӣ бо сарфи хароҷоти ками молиявӣ ва вақти корӣ фаъолияти иқтисодии худро ба сомон расонанд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид






