ВКД: Соли 2021 аз гардиши ғайриқонунӣ 652 адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст
ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба натиҷаи фаъолияти фаврӣ-хизматии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли 2021 дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи бурдани мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 652 адад силоҳи оташфишон мусодира карда шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Мавсуф зикр намуд, ки танҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 364 адад силоҳи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ муодира гардидааст.
Ба иттилои Вазири корҳои дохилӣ, соли сипаригардида дар ҷумҳурӣ 24 ҳазору 118 адад ҷиноят ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 20 ҳазори он кушода шудааст, ки 80,5 фоизро ташкил медиҳад.
«Ин нишондиҳанда, яъне шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифта дар миқёси ИДМ аз ҳама паст буда, аз ҷиҳати кушодашавии онҳо Тоҷикистон дар ҷои аввал мебошад. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ба ҳисобгирифташуда 15 ҳазору 563 ҳолати он аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор гардидааст».-тазаккур дод Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






