«ҲАФТ ШИН» ВА «ҲАФТ СИН». Бо ин рамзҳо оростани суфраи наврӯзӣ анъанаи деринаи тоҷикон будааст

Март 25, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 25.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Наврӯзи Аҷам таърихи беш аз ҳафтҳазорсола дошта, расму русум ва суннатҳои наврӯзӣ аз аҳди тозардуштӣ ва пас аз он ба ояндагон ёдгор мондаанд.

Наврӯзро гузаштагону аҷдодони мо ба таври махсус ҷашн мегирифтанд. Дастурхони идонаро мардум бо таомҳои идонаю   «Ҳафт шин» ва «Ҳафт син» оро медоданд, ки он рамзи аз ҳама қадимӣ будани Наврӯзи Аҷамро нишон медиҳад.

Ба зикри мардумшиносон, ҳар як маводи дар дастурхон гузошта рамзи махсусро ифода мекунад: шаҳд, шир, шароб, шакари ноб, шамъ, шамшод ва шоя (мева).

Рамзи рӯшноӣ- шамъ рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ аст. Дар анъанаи наврӯзии хони «Ҳафт шин» марбут ба ҳар узви хонавода шамъ мегиронданд, яъне, дар хонадон чанд нафар аъзо бошад, ҳамон қадар шамъ гузоштан расм будааст.

Дигар рамзи наврӯзӣ шир буда, гузоштани он дар хони Наврӯзӣ  маънои сапедӣ ва покиро ифода месозад ва орзую омоли тамоми сол таманнои дорои бахти сафед буданро мефаҳмонад. Чуноне ки муаррихи асрҳои VIII-IХ форсу тоҷик Мӯсо ибни Исо Ал-Кисравӣ дар асараш «Китоби хислатҳои некӯ ва одатҳо» овардааст, ширнӯшӣ ҳатто дар дарбори шоҳӣ расм буда, касе ба он беэътиборӣ карда наметавонист.

Шаҳду шакар, ширинӣ ва шарбат дар хони наврӯзӣ мавқеи муҳим дошт. Ин рамз — рамзи орзуҳои нек нисбат ба Соли нав буда, таманно мекарданд, ки дар ин сол орзую омоли неку ширинашон ҷомаи амал пӯшад. Мардум дар остонаи ҷашни Наврӯз ба хешу табор, ёру дӯстон ширинӣ мефиристонданд.

Гузоштани навдае аз шамшод ва дастае аз рустании кӯҳии шоя (мева) асосан ба эҳёи табиат, сарсабзии он ва идомаю бардавомии ҳаёту зиндагӣ алоқамандӣ дорад.

Ба маротиб гиромӣ доштани шароб дар хони наврӯзии «Ҳафт шин» асосан ба он марбут аст, ки он мояи хушнудӣ ва тарабу шодӣ аст.

Дар хони наврӯзии аксари мардуми ориётабор «ҳафт син» низ маъмул буда, он аз санҷид, себ, сабза, суманак, сир, сирко ва сипанд иборат аст ва махсусияти худро дорост.

Санҷид бӯи хушу гуворо дошта, рамзи нишони дилдодагӣ ба табиатро ифода месозад. Баъзе аз донишмандон онро ба ғизои ақл маҳсуб медонанд. Ба ин сабаб, рамзи асосии санҷид ниҳодан ба хони наврӯзӣ рамзи донишу хирад дониста мешавад.

Инчунин себ рамзи дигари ҳафтсин мебошад, ки мардумшиносон онро рамзи тандурустӣ донистаанд. Дар тибби мардумӣ омадааст, ки ҳар кас ҳар рӯз як дона себ хӯрад, ӯро ба пизишк эҳтиёҷ намонад. Рамзи дигар ин сабза мебошад, ки аз зинда ва бедор шудани табиат дарак медиҳад. Он рамзи сарсабзӣ, нумӯъ ва хуррамии инсониятро бозгӯй менамояд.

Гузоштани суманак дар хони наврӯзӣ нишони ғанӣ будани  зироати кишоварзӣ буда, ғизо гирифтан ва паҳлавониро низ ифода менамояд.

Сирко дар хони наврӯзӣ ифодагари пуртоқатӣ ва хирадмандӣ мебошад.

Сир рамзи саломатӣ буда, донаҳои ҳазориспандро рӯи зарфи наврӯзӣ гузошта, бо фаро расидани Наврӯз онро ба хотири дафъи балоҳо месӯзонданд. Ба қавли машҳур он ба ҳазор дард даво будааст.

Бояд тазаккур дод, ки ороиши дастурхони наврӯзӣ аз урфу одатҳои ҳар миллат вобаста буда, дар байни мардуми тоҷик аз замонҳои қадим дар айёми Наврӯз кушодани дастархони «ҳафт мева», таҳияи хӯрокҳои ширӣ, маҳсулоти сафедранг ва таоми бахорӣ, яъне аз сабзавоти баҳорӣ омодашуда низ маъмул буд. Ҳамин тавр  анъанаҳои нек бо мурури замон аз насл ба насл интиқол ёфта, ҳар хонавода мувофиқи табъи  худ хони наврӯзии худро оро медиҳад.

Доир ба анъанаи наврӯзӣ шоирону адибони тоҷик шеъру рубоиёти зиёд эҷод кардаанд, ки яке аз онҳо рубоии шоири тоҷик Нуриниссо Акрамова мебошад:

Наврӯз атои халқ аз Раҳмон аст,

Сарсабзии боғу кӯчаву майдон аст.

Бо «ҳафт шин»-у ба «ҳафт син»-аш зебост,

Хурсанди беҳисоби ҳар деҳқон аст.

Наврӯз ба себу сиру сабза зебост,

Бо санҷиду сиркову сипанд дилорост.

Самбӯсаи гарм бар ҳама мефорад,

Бар суманаки баҳорӣ ҳар дил шайдост.

Шамъу шакару шона ба рӯи хон аст,

Шинии тутӣ ба дарди дил дармон аст.

Аз шарбати ҷонфизо, биё, нӯш кунем,

Бо ширу шароб табъи мо хандон аст.

Наврӯз хуш асту боди Наврӯз хуш аст,

Субҳи тарабу шоми дилафрӯз хуш аст.

Бо роҳбарии Эмомалии Раҳмон,

Ҳар лаҳза хуш асту ҳар шабу рӯз хуш аст.

 

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 25, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд