Ҷаласаи ҳисоботии хатмкунандагони лоиҳаи JDS- омоданамоии мутахассисони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Япония доир гардид

Март 10, 2022 14:40

ДУШАНБЕ, 10.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳисоботии хатмкунандагони гурӯҳи 11-уми лоиҳаи JDS барои омода намудани мутахассисон, хизматчиёни давлатии Тоҷикистон бо фаро гирифтан ба таҳсил дар магистратура ва докторантура дар донишгоҳҳои Япония баргузор гардид, иттилоъ доданд дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар он муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония Тошиҳиро Аики, муовини роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Япония дар Тоҷикистон Кикучи Такеши ва масъулини хадамоти кадрии вазорату идораҳои калидӣ ва ҳамкор бо лоиҳаи мазкур иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки дар доираи лоиҳаи JDS барои омода намудани мутахассисон, хизматчиёни давлатии Тоҷикистон давоми солҳои 2009-2021 90 нафар мутахассисон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуданд ва имрӯз дар зинаҳои мухталифи хизмати давлатӣ баҳри рушди ҷомеа фаъолият доранд.

Таъкид  шуд, ки сиёсати давлатии кадрҳо дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад ва маҳз бо дарназардошти аҳамияти масъалаи мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) изҳор намуданд, ки “дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем, зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Баъдан тибқи барнома хатмкунандагони гурӯҳи 11-уми лоиҳаи JDS- корманди Бонки миллии Тоҷикистон Масрур Қурбонализода, хатмкунандаи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси ороми Ритсумейкаи Япония,  мутахассиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Анастасия Шукрикова, хатмкунандаи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси ороми Ритсумейкаи Япония, корманди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Ташрифзода ва дигарон бо рӯнамоии ҳисоботӣ ва пешниҳоди корҳои таҳқиқотӣ-илмии анҷомдода аз рӯи соҳаҳои муталиф ва афзалиятнок сухан гуфтанд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Март 10, 2022 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад