Ҳамкории доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Руминия густариш меёбад

Март 5, 2022 11:12

ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ба роҳ мондан ва густариш додани ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкорӣ, инчунин ташкил намудани вохӯриҳои ҳайатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Руминия 3 март дар меҳвари мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Сафири Руминия дар Тоҷикистон Мэделина Лупу қарор гирифт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи мазкур хабар доданд, Ҷамшед Ҷумъахонзода ба сафир оид ба фаъолияту нақшаҳои ҷории Палата ва имкониятҳои сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва сайёҳии кишвар маълумоти мухтасар дод.

Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондан ва густариш додани ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкорӣ, баргузор намудани бизнес-миссияҳо ва ташкили намудани вохӯриҳои ҳайатҳои тиҷоратии ҳарду кишварро муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои рушд додани ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Руминия бо истифода аз имкониятҳо изҳори омодагӣ намуданд.

 

АКС: Палатаи савдо ва саноати ҶТ

Март 5, 2022 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид