Анушервон Фозилов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон медали нуқра ба даст овард

Март 14, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 14.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар шаҳри Аммони Урдун муҳорибаҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон баргузор шуданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар ин рӯз танҳо як варзишгари мо – Анушервон Фозилов дар вазни -46кг муҳориба карда, аз намояндаи Ҳиндустон Криш Пал мағлуб ва соҳиби медали нуқра гардид. Анушервон Фозилов то ба финал расидан дар даври муқаддамотӣ бар намояндаи Муғулистон Мандах Тосгбардах, дар чорякфинал бар варзишгари Ироқ Ҳамдан Аббос Қосим, дар нимфинал бар намояндаи Қирғизистон Зафарбек Комилов пирӯз шуд.

Се варзишгари дигарамон – Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашуров (-60кг) ва Ҳангома Исоева (-57кг) миёни наврасон медали биринҷӣ гирифтанд.

Имрӯз муҳорибаҳои финалӣ миёни ҷавонон доир мегарданд, ки дар он варзишгари тоҷик Абдураҳим Ёқубов (-60кг) бо Алмаз Орозбекови қирғизистонӣ рақобат мекунад.

Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Аммони Урдун 2 март оғоз гардида буд. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок доранд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардидаанд.

 

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Март 14, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад