Анзор Кавазашвили пешниҳод кард, ки футболбозони тоҷик ба дастаи мунтахаби ИДМ шомил шаванд
ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ дарвозабони дастаи футболи «Спартак»-и Москва ва дастаи мунтахаби ИҶШС Анзор Кавазашвили дар бораи пешниҳодаш ба Иттифоқи футболи Русия оид ба ташкили дастаи мунтахаби ИДМ, ки ба он намояндагони Точикистон низ дохил хоҳанд шуд, изҳори назар намуд.
«Пешниҳоди дигаре ҳаст, ки ман ба Иттифоқи футболи Русия дар бораи таъсиси дастаи мунтахаби кишварҳои ИДМ (Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон ва ҳатто Гурҷистон) ирсол намудам. Кӯшиш карда, аз ҳар кишвар як мураббӣ гирифта шавад ва аз онҳо ҳайати мураббиён ташкил гардад. Кӯшиш бояд кард, ки 9 ё 1 май дар варзишгоҳи «Лужники» бозии санҷишии тиҷоратӣ бо мукофоти калон гузаронида шавад. Ин барои он зарур аст, ки мардум бинанд, ки Иттифоқи футболи Русия таслим нашудааст. Бозӣ бояд сиёсӣ бошад, то дар ҷаҳон ақидаи муайяне ба вуҷуд орад, ки мо дилгир намешавем ва ҳамеша спарринг-шарикон пайдо хоҳем кард», — гуфт Кавазашвилӣ ба «Комсомольская правда».

ДАР АКС: Пеле ва Анзор Кавазашвили баъди бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби ИҶШС ва Бразилия, соли 1965. Акс: © Владимир Мусаэлян/ТАСС
Ёдовар мешавем, ки соли 1992 дастаи мунтахаби футболи ИДМ — вориси дастаи ИҶШС мавҷуд буд. Дар ҳайати он футболбозони Латвия, Литва ва Эстония бозӣ намекарданд, зеро ин кишварҳо узви ИДМ набуданд ва аллакай дастаҳои мунтахаби худро ташкил карда буданд. Дар баробари ин намояндаи Гурҷистон, ки соли 1992 дар ҳайати ИДМ набуд, дар ин мунтахаб бозӣ мекард, ки он Кахабер Тсхададзе буд. Дар ҳайати мунтахаб футболбозони Тоҷикистон набуданд — бозингарони маъруфи «Помир»-и Душанбе Андрей Мананников, Абдулло Муродов, Рашид Раҳимов, Алексей Чередник, Вазген Манасян, Олег Ширинбеков, Муҳсин Муҳаммадиев ва дигарон аллакай ба дастаҳои кишварҳои дигар даъват шуда буданд.
Дастаи мунтахаби ИДМ дар чемпионати Аврупо оид ба футбол соли 1992 дар Шветсия ба ҷойи мунтахаби ИҶШС, ки ба ин мусобиқа роҳхат гирифта буд, ширкат кард ва зери парчами сафед, ки дар он бо забони англисӣ C.I.S. (Commonwealth of Independent States) навишта шуда буд, бозӣ намуд ва ба ҷойи гимн пеш аз вохӯрӣ қисми хотимавии симфонияи 9-уми Бетховен садо дод. Анатолий Бишоветс мураббии дастаи мунтахаби ИДМ буд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






