Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок муваққатан қатъ гардид
ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 8 март инҷониб дар роҳи Душанбе — Чанок, аз ҷумла дар километрҳои 48-71 тармафароӣ зиёд гардид. Дар километри 48-уми роҳи мазкур паҳноӣ ва баландии тарма қобили мулоҳиза буда, маҷрои дарёи Варзобро баст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳоло дар ин роҳ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт манъ буда, кормандони филиали ширкати IRS ба бартараф намудани тармаҳо машғуланд. Аз шаҳрвандон бо арзи эҳтиром хоҳиш карда мешавад, ки муваққатан аз сафар дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок худдорӣ намоянд.
Доир ба ҳолати роҳ ва корҳои анҷомёфта маълумоти муфассал пешниҳод мегардад.
АКС: IRS








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






