Ба роҳбарияти Беморхонаи марказии ноҳиявии Файзобод супориш дода шуд, ки сифати хизматрасонии тиббиро баланд бардорад

Март 11, 2022 16:36

ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шинос шудан бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла рафти табобати беморон 10 март Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода бо шароити хизматрасонӣ дар Беморхонаи марказии ноҳиявӣ ва шуъбаи бемориҳои сироятии мавзеи Мискинободи ноҳияи Файзобод шинос шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорати мазкур хабар медиҳад.

Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҷараёни муолиҷаи як гурӯҳ беморон ва хизматрасонии тиббӣ шинос шуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи ноҳияи Файзобод барои 50 кат 27 сентябри соли 2021 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуда буд.

 

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ 

Март 11, 2022 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд