«БАРОИ ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН…». Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия бо Сипосномаи Сафорати ҶТ қадрдонӣ шуд

Март 6, 2022 18:31

ДУШАНБЕ, 06.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, чанд рӯз қабл дар Истамбул мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар доир гардид. Дар мулоқот роҳбари намояндагии дипломатии кишвари мо ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи пайваста ва доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба соҳаи маориф, зиндагӣ ва кору фаъолияти ҷавонон, занону бонувон, рӯзгори муҳоҷирон зикр гардид, инчунин масомили доғи рӯз, аз ҷумла чолишҳои замони муосир, хатари созмонҳои экстремистию террористӣ ба шуури ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мулоқот ба хотири таҳкими дӯстӣ миёни шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия ва ҳамкории онҳо бо намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар  роҳандозӣ гардид.

Дар фарҷоми мулоқот Сафири Тоҷикистон Ашрафҷон Гулов ба як гуруҳ шаҳрвандони фаъоли Тоҷикистон, ки дар Туркия кору зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла ба хабарнигори Агентии  миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар Туркия Манижа Мақсуд Сипоснома тақим намуд.

                                                                             АКС: АМИТ «Ховар»

Март 6, 2022 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад