Бонки миллии Тоҷикистон сабабҳои тағйири якбораи қурби доллар нисбат ба сомониро тавзеҳ дод

Март 10, 2022 15:02

ДУШАНБЕ, 10.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/  бо мақсади коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор, пешгирӣ намудани лаппишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ ва фарқияти зиёд байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро 9 марти соли 2022 анҷом дод, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар  БМТ.

Дар баробари анҷомдиҳии тасҳеҳи қурбӣ БМТ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади қонеъ намудани талаботи норасоии асъор дар бозори байнибонкӣ мудохилаи (интервенсияи) асъорӣ анҷом диҳад.

Дар раванди анҷомдиҳии мудохилаи асъорӣ афзалияти аввалиндараҷа ба дархости воридкунандагони молҳои мавриди ниёзи аввал дода шуда, зина ба зина дархостҳои субъектҳои дигари хоҷагидорӣ низ қонеъ гардонида мешаванд. Фишангҳои самараноки сиёсати қурбии БМТ, аз ҷумла тасҳеҳи (коррексия) қурбӣ ва мудохилаи асъорӣ имкон медиҳад, ки норасоии пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор бартараф карда шуда, ба воситаи ташкилоти қарзии молиявӣ талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла воридкунандагони молҳои мавриди ниёзи аввал қонеъ гардонида шавад. Инчунин воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар таъмин шуда, манфиати интиқолгирандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя гардида, фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрирасмӣ маҳдуд карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки  мутобиқи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат» давоми соли равон сиёсати қурбии ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» асосёфта татбиқ гардида истодааст.

Тибқи реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар гардида, БМТ дар ҳолатҳои аз эътидол зиёд тағйир ёфтани қурб ба вазъи бозори дохилии асъор дахолат менамояд. Гуфта мешавад, ки вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор ба лаппишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ дучор гардида, чунин ҳолат дар аксари кишварҳои шарикони асосии савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба назар мерасад. Аз аввали соли 2022 қурби расмии доллари ИМА нисбат ба пули миллӣ дар сатҳи 11,30 сомонӣ боқӣ монда, аз 8 марти соли равон  фарқият миёни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрирасмӣ то ба 15,9 фоиз мушоҳида гардид.

Сабабҳои асосии зиёд шудани фарқият миёни қурби расмии доллари ИМА нисбат ба пули миллӣ ва фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрирасмӣ- ин зиёд шудани талабот ба доллари ИМА, коҳиш ёфтани пешниҳоди асъор дар бозори байнибонкӣ, зиёд гардидани талабот ба асъори хориҷӣ аз ҷониби воридкунандагони молҳои мавриди ниёзи аввал, коҳиш ёфтани вуруди интиқолҳои пулӣ ва боқӣ мондани тавозуни манфии савдои кишвар ва дигар омилҳо арзёбӣ мегарданд.

АКС: манбаъҳои боз 

Март 10, 2022 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0520 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд