ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ. Варзишгарони тоҷик 6 медал ба даст оварданд

Март 31, 2022 08:21

ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 март бо баргузории сабқатҳо миёни устодон ва ҳаваскорон Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки 25 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, ҷамъбаст шуд. Дар рӯзи охирини ин чемпионат велосипедронони  тоҷик соҳиби 6 медал ( 2 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ) гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар рӯзи охири мусобиқа устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 61км ва ҳаваскорон дар масофаи 111км сабқат карданд.

Мусобиқа миёни устодони варзиши велосипедронӣ аз рӯи 5 синну сол баргузор гардида, намояндагони Узбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон ғолиб шуданд. Дар мусобиқаи даставии устодон дастаи Ироқ пирӯз гардид.

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ

Натиҷаҳои рӯзи шашум

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, устодони варзиши велосипедронӣ, 111 км

19-34-солаҳо

  1. Беҳзодбек Раҳимбоев (Узбекистон)
  2. Маҳдӣ Албаттаҳ (Ироқ)
  3. Аҳмад Алрикобӣ (Ироқ)

35-39-солаҳо

  1. Халид Алӣ Алблушӣ (АМА)
  2. Алӣ Ҷавод (Покистон)
  3. Беҳзод Ҳакимов (Тоҷикистон)

40-44-солаҳо

  1. Вадим Ежаков (Қазоқистон)
  2. Ромин Худоиев (Тоҷикистон)

45-49-солаҳо

  1. Александр Игонин (Тоҷикистон)
  2. Баҳриддин Исомиддинов (Тоҷикистон)

50-99-солаҳо

  1. Ринат Батиршин (Тоҷикистон)
  2. Ҷаргал Гавааҷав (Муғулистон)
  3. Павел Салимов (Тоҷикистон)

Даставӣ, устодон

  1. Ироқ
  2. Покистон
  3. Тоҷикистон

АКСҲО: КМО Тоҷикистон

Март 31, 2022 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад