COVID-19. Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маводи масрафии озмоишгоҳӣ расонида шуд

Март 2, 2022 11:02

ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 март ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани шаклҳои нави сирояти COVID-19 аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) як миқдор маводи масрафии озмоишгоҳӣ тақдим карда шуд, иттилоъ доданд  ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур.

Дар маросими қабули маводи мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки мубориза бо бемориҳои сироятӣ- ин муайян намудани барангезандаи беморӣ тавассути ташхисҳои озмоишӣ мебошад. Дар ин замина соли 2021 тавассути барномаи Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон 4 маҷмӯи озмоишгоҳҳои вирусологии ТЗП/ПЦР бо 3 дастгоҳи занҷираи полимеразӣ тақдим карда шуд, ки онҳо ба шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Истаравшан ва Қубодиён дастрас, насб ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳое, ки айни замон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун афзалият дар роҳи мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ муқаррар кардааст, ин бо роҳи секвенатсия дақиқ муайян намудани шаклу намуд ва гурӯҳи барангезандаи бемории сироятӣ мебошад.

Дар давраи пандемияи COVID-19 дар доираи ҳамкории дуҷониба аз ҷониби ИМА ба Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди сирояти коронавирус кумакҳои башардӯстона расонида шуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби ин кишвар ҳамчун кумаки башардӯстона шумораи зарурӣ ва саривақтии ваксинаҳои «Модерна» ва «Пфайзер» вориди мамлакат гардиданд.

 

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Март 2, 2022 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд