ДӮСТИИ ҶАВОНОНИ ҶАҲОН ПОЯНДА БОД! Дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара ва Темурмалик Фестивали ҷавонони хориҷӣ доир шуд

Март 18, 2022 14:42

ДУШАНБЕ, 18.03.22022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз 17-18 март бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара ва Темурмалики вилояти Хатлон бо ҳамкорӣ ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» бо иштироки донишҷӯёни хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсил доранд ва ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони хориҷӣ баргузор гардид.

Тавре дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баргузории ин фестивал имкон дод, то ҷавонони гуногункасб дар як муҳит ҷамъ омада, аз бурду бохт ва дастовардҳои хеш барои ҳамсолон ва ҳамкасбон ибрози андеша намоянд, бо расму оин ва анъанаҳои таҷлили Наврӯз, фарҳангу тамаддуни бою пурғановат ва русуми меҳмоннавозии миллати тоҷик ошноӣ пайдо намуда, дӯстиву рафоқат ва ҳамдилию ҳамбастагӣ миёни онҳо қавӣ гардад. Ин майдон шароити мусоиди табодули маълумот, таҷрибаомўзӣ, шиносоӣ, фароғат, таҳкими дўстӣ, ҷаҳонбинӣ ва оғози ҳамкории навро барои ҷавонони кишварҳои гуногун фароҳам меорад.

Дар фестивали мазкур намояндагон аз кишварҳои гуногуни дунё, аз ҷумла, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Афғонистон, Беларус, Непал, Финландия, Покистон, Канада, дар умум 50 нафар ҷавонони хориҷӣ ва 80 нафар ҷавонони манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар қисмати асосии фестивал, ки субҳи имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баргузор гардид, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ҳамаи иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми ҷавонону варзишгарони кишварро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуд.

Дар қисмати фарҳангии фестивал аз ҷониби ҷавонони хориҷии дар Тоҷикистон таҳсилдошта ва ҷавонони соҳибистеъдоди тоҷик суруду таронаҳо бо забонҳои гуногун ва расму анъанаҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бахшида ба ин иди байналмилалӣ пешкаш карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки дар доираи барномаи фестивал дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара ва Темурмалик якчанд барномаҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, сайёҳӣ ва намоишӣ баргузор карда шуд.

АКСҲО: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 18, 2022 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд