Дар Дарвоз 15 манзили истиқоматӣ, ки зери хатари офати табиӣ қарор доранд, кӯчонида мешаванд

Март 28, 2022 13:40

ДУШАНБЕ,  28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 март боронҳои шадид ва гарм шудани ҳаво сабаби боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо шуд. Дар натиҷа хоку гили фаромада боиси баста шудани   километри 352-юми роҳи мошингарди «Шамсиддини Шоҳин – Дарвоз», ки аз қаламрави деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз мегузарад, гардид. Баъдан пайомадҳои  ин офати табиӣ бартараф карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ.

Ёдовар мешавем, ки 12 — 18 март дар ҳамин минтақа сел гилу лойи зиёдро фурӯ рехта, дар натиҷа чанд хонаводаи деҳаи Умараки ноҳияи Дарвози ВМКБ хисороти зиёд диданд.

Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ВМКБ, дар натиҷаи офати табиӣ ду бинои истиқоматӣ пурра ва се хонаи зисти дигар қисман хароб шудаанд. Инчунин заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаш хоҷагӣ зарар дидаанд.

25 марти соли 2022 бо мақсади муайян намудани хатари омадани сел барои гузаронидани тадқиқоти муҳандисию геологӣ гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи кормандони КҲФ ва МГ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса рафт.

Ду квадрокоптери Кумита барои кофтуков, тадқиқи релефи кӯҳӣ ва минтақаи пайдоиши сел истифода шуда, санҷиш нишон дод, ки  15 хоҷагӣ  зери хатари сел қарор доранд.

Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия барои дар ояндаи наздик ба минтақаҳои дигари амн кӯчонидани ин хонаводаҳо тадбирҳо меандешад.  Ба оилаҳои осебдида аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ ва соҳибкорони  вилоят кумакҳои зарурӣ расонида шуданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, то охири моҳи марти соли ҷорӣ эҳтимоли лағзиши тарма, омадани селу ҳодисаҳои дигаре, назири ярч ва болоравии сатҳи оби дарёю обанборҳо  боқӣ мемонад.

Дар иртибот ба ин Кумита ба диққати аҳолӣ мерасонад, ки эҳтиёткор бошанд.

АКС: КҲФ ва МГ

Март 28, 2022 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд