Дар маҷаллаи «Khaleej Times» оид ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоили мубрами Рӯзномаи ҷаҳонии об мақола ба нашр расид

Март 22, 2022 12:50

ДУШАНБЕ, 22.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷаллаи “Khaleej Times” (Амороти Муттаҳидаи Арабӣ) дар Рӯзи ҷаҳонии об, ки ҳамасола 22 март таҷлил мегардад, оид ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоили мубрами Рӯзномаи ҷаҳонии об таҳти унвони «Tajikistan joins hands with UN to combat water issues» мақола ба нашр расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мақола, аз ҷумла гуфта шудааст, ки тадқиқоти солҳои охир нишон доданд, ки тағйирёбии иқлим метавонад ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири ҷиддӣ расонад. Об, ки сарчашмаи ҳаёт аст, барои ҳар фард ва тамоми мавҷудоти зинда неъмати илоҳӣ — омили ҳаётан муҳим ва ганҷи бебаҳост. Аҳамияти обро ҳама олимону коршиносони байналмилалӣ эътироф кардаанд.

Дар натиҷаи фишорҳои афзоянда ва буҳронҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии асри 21 дастрасӣ ба оби тоза, ки ҳамагӣ 2%-и ҳаҷми умумии оби ошомиданӣ дар ҷаҳонро ташкил медиҳад, дар меҳвари Барномаи байналмилалии чораҳои таъҷилӣ қарор гирифтааст.

Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии худ барои рушди дипломатияи об ва пешбурди захираҳои об дар арсаи байналмилалӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Аввалин ташаббус соли 1999 аз минбари иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2003-ро “Соли оби тоза” муаррифӣ карда буданд, пешниҳод гардида буд. 20 декабри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд.

Дар робита ба ин моҳи августи соли 2003 дар Душанбе Анҷумани байналмилалии оби тоза баргузор шуд, ки дар он намояндагони ҳукумат, олимон ва коршиносони соҳаи об аз 54 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Иқдоми дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» мебошад, ки бо қатъномаи дахлдори СММ қабул шудааст.

Соли 2013 бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз 20 декабри соли 2010 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул шуда, моҳи августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид.

Соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал» Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028″-ро ба унвони як пешниҳоди дигари Президенти Тоҷикистон бо ҳаммуаллифи 177 кишвари узви СММ қабул кард.

Ташаббусҳои дигари кишвар дар солҳои 2018 ва 2020 дар соҳаи захираҳои об низ дида шуданд, зеро дар ҷаласаи 73-юми Қатъномаи “Баррасии ҳамаҷонибаи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва 75-умин Иҷлосия Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи ҳамаҷонибаи миёнамуҳлати Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз ҷониби 190 кишвари узви СММ ҳаммуаллифӣ шудаанд, якдилона қабул карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ташкил гардида, ҳамчун занҷираи марказӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) хоҳад буд.

Торнамои конфронс (www.dushanbewaterprocess.org), саҳифаҳои иҷтимоӣ дар твиттер (@DWaterProcess) ва фейсбук (Dushanbe Water Process) мунтазам бо маълумоти нав таҷдид мегарданд.

Аз ҳайатҳои расмии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ташкилоту коршиносони соҳа ва дигар ҷонибҳои алоқаманд хоҳиш карда мешавад, ки худро ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе тавассути пайванди www.dushanbewaterprocess.org/registration/ то 6 майи соли 2022 номнавис намоянд.

Хотиррасон мешавем, ки конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» се сол пеш, моҳи июни соли 2018 дар Душанбе доир шуда буд. Зимни суханронии худ дар он Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки  раванди таҳияву пешбурди қатъномаи нави Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи миёнамуҳлати ҷараёни татбиқи Даҳсола барои ҳамкории мо майдони иловагӣ фароҳам хоҳад овард.

Аз 22 то 24 марти соли 2023 дар Ню Йорк Конфронси СММ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи миёнамуҳлат оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо мизбонии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад.

 

Мақола ва гузариши электронии он: https://www.khaleejtimes.com/world/tajikistan-joins-hands-with-un-to-combat-water-issues

 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»/ скриншот аз сомонаи Khaleej Times

Март 22, 2022 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Оилаи Абдуғаффор Қаюмов дар ноҳияи Ҷайҳун аз соли 1982 ба парвариши кирмаки пилла машғул аст
Дар Риёз Саммити сармоягузорию иқтисодии «Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ – C5 GCC» баргузор мешавад
Дар Конибодом вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ беҳтар гардидааст
Имрӯз Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» анҷом меёбад
Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориро тавсеа медиҳанд
«ТОШКАНД-2024». Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор гардид
Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт
Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар Тифлис баррасӣ гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Мақомоти гумрук маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуд