Дар Санкт-Петербург Шаҳноза Нодирӣ ва Дмитрий Демиденко масъалаҳои вобаста ба самти муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд

Март 17, 2022 15:06

ДУШАНБЕ, 17.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург бо муовини сардори Сарраёсати кор бо муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Дмитрий Демиденко мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳамзамон роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Русия оид ба муҳоҷират Зоҳир Мирзозода ва сардори Раёсати кор бо муҳоҷиратии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Андрей Колесников ҳузур доштанд.

Дар ин бора масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Мусоҳибон баргузории мулоқоту суҳбатҳои муштаракро дар сатҳҳои гуногун барои беҳтар гардидани робитаҳои ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо маҷмуи масъалаҳоро дар самти муҳоҷират, аз ҷумла таъмини ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирати меҳнатӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилот дар раванди фаъолияти меҳнатӣ, ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо дар Федератсияи Русия, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар масъалаҳои ба ин мавзӯъ алоқамандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо тадбирҳои наву зарурӣ андешида мешавад.


Аксҳо: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират

Март 17, 2022 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд