Дар шаҳри Бӯстон доир ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 март дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳти унвони «Паёми раҳнамо» бахшида ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.
Конференсия бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир гардида, дар он роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, олимону муҳаққиқони варзида, собиқадори ҳизбию давлатӣ ва дигарон иштирок намуданд.
Нахуст иштирокчиёни конференсия аз намоишгоҳи дастовардҳои таълимию зеҳнии устодону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дидан намуда, бо фаъолияти парки технологӣ, маркази омӯзиши забони чинии Конфутсия, кафедраҳои сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ, металлургия, кӯҳкорӣ, экология, бюрои конструкторӣ, геология ва конҳои нафту газ аз наздик шинос шуданд.
Иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявӣ доир ба самтҳои инъикоси масъалаҳои умдаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар: моҳият ва дурнамо; тадбирҳои амалисозии эълон гардидани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат дар кишвар; инъикоси таъминоти гуногунҷабҳаи амнияти миллӣ ва минтақавӣ; омилҳои рушди соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар ҳамчун нуктаи муҳими Паём; рушди илм ва низоми таълим дар кишвар маърӯзаҳои илмӣ намуда, мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор доданд.
Зикр шуд, ки дар низоми муосири давлатдории мамлакат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ҳукумати мамлакат таҳти роҳнамоии Пешвои миллат баҳри рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд ва ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди мамлакат қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.
Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории озмунҳои «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» инқилоби илмиву фарҳангӣ буда, оғози таҳаввулоти ҷиддиву бунёдӣ дар саросари мамлакат ба шумор мераванд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон









ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






