Дар соҳили дарёи Хонақоҳи Ҳисор Маҷмааи варзишию солимгардонӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки соли равон дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор Маҷмааи варзишию солимгардонӣ мавриди истифода қарор дода шавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Иншооти мазкур дар мавзеи хушобу ҳавои Алмосӣ дар соҳили дарёи Хонақоҳ бунёд гардида, алҳол корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии Маҷмааи варзишию солимгардонӣ босуръат идома доранд.
Маҷмааи варзишию солимгардонӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 14 ҳуҷра барои қабули меҳмонони хориҷӣ ва дохилӣ пешбинӣ шудаю дар як вақт ба 60 нафар хизмат расонида мешавад.
Ҳамчунин дар дохили бино ошхонаи муосир барои хӯрокҳои
тезтайёр, толор барои варзиши бадан, кошонаи ҳусн ва ҳуҷраи омӯзишӣ барои футболбозон дар назар дошта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ соли 2020 оғоз гардида, 25 нафар сокинони маҳаллӣ давоми ду сол бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Иҷрокунандаи Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз наздик шинос гардида, барои вусъати корҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд анҷом додани он ба соҳибкорон дастурҳои мушаххас дод.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Ҳисор
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






