Дар Суғд барои баргузории озмунҳои «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» беш аз 890 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд
ДУШАНБЕ, 24.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва қадршиносии ғолибон беш аз 890 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд ба ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» қариб 400 000 сомонӣ ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» беш аз 490 000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки қарорҳои Раиси вилоят бо мақсади таъмини иҷрои Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 дар бораи гузаронидани озмунҳои зикршуда ба имзо расида, раёсатҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар сохторҳо, инчунин раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври якуму дуюми озмунҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамин тавр, моҳи сентябри имсол даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва моҳи октябр даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад.
Дар маҷмӯъ ба ғолибони ин ду озмун беш аз 890 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуда, ғолибони даври вилоятӣ ҳамзамон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






