Дар Тоҷикистон бо иштироки беш аз 1000 нафар низомиёни Русия тамринҳо оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 1000 нафар низомиёни Русия дар пойгоҳи низомии 201-ум ба тамрин оид ба маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон шурӯъ намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар иттилоияе, ки имрӯз, 14 март дафтари матбуоти Округи марказии ҳарбӣ нашр намудааст, гуфта мешавад.
11 март ҷузъу томҳои пойгоҳ ба масофаи 300 км қадам зада, ба Ҳарб-Майдон, ки дар он ҷо тамринҳо гузаронида мешаванд, расиданд.
«Тамринҳои тактикӣ бо иштироки беш аз 1000 низомии Русия аз пойгоҳи 201-ум дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдони Тоҷикистон оғоз шуданд. Дар марҳилаи асосии тамринот, ки 18 март баргузор мешавад, низомиён амалиёти пешгирӣ ва нобудсозии сохторҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бо истифода аз системаҳои иктишофӣ-оташӣ ва иктишофӣ-зарбавиро таҳия мекунанд»,-омадааст дар иттилоия.
Машқҳои тактикӣ аз 14 то 18 март баргузор мешаванд. Дар онҳо беш аз 1000 нафар низомиёни Русия иштирок намуда ва беш аз 300 адад аслиҳа, техникаҳои махсус ва низомӣ бо ҷалби чархболҳои авиатсионии артиш ширкат хоҳанд кард.
АКС: yandex.ru








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






