Дар Тоҷикистон масъалаи беҳтарсозии ғизо барои солҳои 2021 – 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт

Март 31, 2022 14:44

ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар шаҳри Душанбе масъалаи беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии мамлакат.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи «Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025»  намояндагони вазорату идора ва кумитаҳои мамлакат, шарикони рушд ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Муҳимияти ғизои солим барои инкишофи зарфияти инсонӣ аз нақши марказии он дар ноилшавии Ҳадафҳои Рушди Устувор шаҳодат медиҳад: ҳадди ақал 12-тои ин ҳадафҳо аз нишондиҳандаҳое иборатанд, ки ба ғизо муносибати мустақим доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) ҳамроҳ гардид.  Масъалаҳои ғизо ба вазифаҳои афзалиятнок мубаддал гардида, дар рӯзномаи маҷлис дар соҳаи рушди миллӣ мустаҳкам ҷой гирифтанд ва нишондиҳандаҳои мақсадноки Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соҳаи ғизо барои давраи то соли 2025 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҳадафи 2 (тандурустӣ) расман қабул гардиданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ

Март 31, 2022 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд