Дар вилояти Суғд бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ доир гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар маросими ҷамъбасти мусобиқаҳо иброз дошт, ки дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ ҳар сол бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди соҳаи асппарварӣ ташкил ва баргузор гардидани бозиҳои миллии пойга ва бузкашӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Таъкид карда шуд, ки дар вилоят ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи чорвопарварӣ, аз ҷумла соҳаи асппарварӣ, қарори Раиси вилоят ва Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорвопарварӣ қабул гардида, ҳамасола афзун намудани саршумори аспҳои зотӣ амалӣ карда мешавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 марти соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 8811 сар асп парвариш карда мешавад, ки аз он 2071 сар дар бахши кишоварзӣ ва 6740 сар дар бахши хоҷагиҳои аҳолӣ мебошад.
Ҷиҳати рушди варзиши аспӣ дар вилоят мактаби варзиши аспии чавгон фаъолият дошта, дар он 100 нафар варзишгарон бо 60 сар аспҳои зотӣ сарҷамъ гардидаанд.
Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят ассотсиатсияҳои асппаварӣ ташкил гардида, дӯстдорони табиат парвариши аспҳои зотии тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекиникиро ба роҳ мондаанд ва баробари мусобиқаҳои вилоятӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштироки фаъолона доранд.
Сипас ғолибони мусобиқаҳои пойга ва бузкашӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла ду автомобол, телевизору қолин ва мукофотпулӣ сарфароз гардонда шуданд.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд











«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






