Франсуа Шаплен дар Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир мекунад
ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 март дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо иштироки яке аз пианинонавозони беҳтарин ва мунаққидони барҷаста Франсуа Шаплен барномаи фарҳангӣ доир мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Франсуа Шаплен дар театри мазкур барои баргузории барномаи фарҳангии худ омодагӣ мебинад.
Франсуа Шаплен аз ҷумлаи яке аз 10 беҳтарин пианинонавозони ҷаҳон аст, ки ба эҷоди ӯ аз ҷониби мунаққидони варзида баҳои баланд дода шудааст. Мавсуф хатмкардаи Консерваторияи олии миллии Париж, лауреати Озмуни байналмилалии пианиновозони ҷавон дар Италия, ҷоизаи Мотсарт дар озмуни байналмилалии Кливленд Роберт Касадейс мебошад.
Инчунин дар оркестрҳои дараҷаи ҷаҳонӣ — ансамбли оркестри Париж, оркестри филармонияи Санкт-Петербург, оркестри филармонияи Япония, оркестри миллии Лил, оркестри миллии Лотарингия шарафи ҳунарнамоӣ доштааст.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






