ФУТБОЛ. Дар Душанбе Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 18-сола оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 15 март дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ- CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 18-сола баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар мусобиқаи мазкур чаҳор дастаи мунтахаби духтарона аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Иззатулло Исҳоқов омода месозад. Дар доираи Чемпионати CAFA-2022 ҳамагӣ шаш бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурияви шаҳри Душанбе барпо мегарданд.
Мусобиқаи мазкур аз рӯи системаи даврӣ дар як давр доир гардида, дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бадастоварда маълум хоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, ки дастаи мунтахаби занонаи то 18-солаи Тоҷикистон нахустин бозиашро 11 март ба муқобили дастаи мунтахаби занонаи то 18-солаи Қирғизистон баргузор мекунад.
Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-18)
Иштироккунандагон: Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Қирғизистон.
Тақвими бозиҳо
Даври 1-ум
11 март (ҷумъа)
14:00 – Узбекистон – Эрон
17:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон
Даври 2-юм
13 март (якшанбе)
14:00 – Қирғизистон – Узбекистон
17:00 – Эрон – Тоҷикистон
Даври 3-юм
15 март (сешанбе)
14:00 – Эрон – Қирғизистон
17:00 – Тоҷикистон – Узбекистон
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






