ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Туркия бозии сеюми санҷишӣ доир менамояд
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бо дастаи мунтахаби олимпии Кувайт бозии сеюми санҷишӣ баргузор мекунад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон бозии дуюми санҷиширо бо дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Урдун бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии санҷишӣ дар Анталия аз ҳамсолонашон аз Того бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буданд.
Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон боз як бозии санҷишӣ баргузор мекунад. Футболбозони ҷавони тоҷик имрӯз, 29 март бо дастаи мунтахаби олимпии Кувайт бозӣ мекунанд.
Зимнан, дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Кувайт 26 март бозии санҷиширо ба дастаи миллии Афғонистон бо ҳисоби 0:3 бохта буд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июни соли равон дар Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) бозӣ мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






