Гурезаҳои афғон дар муассисаҳои Тоҷикистон ба таҳсил ва касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурезаҳои афғон бо мақсади соҳибкасб шудан дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба таҳсил ва касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Ин матлабро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода 1 март зимни вохӯрӣ бо масъули Бахши муҳоҷират, ҷойивазкунӣ, ҳолатҳои фавқулода ва маорифи СММ (ЮНЕСКО) Хода Ҷаберян ва намояндаи Бюрои минтақавии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Мергул Алписбаева баён дошт, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.
Намояндаи ЮНЕСКО Хода Ҷаберян аз корҳои анҷомдодаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии мамлакат дар самти фарогирии шаҳрвандони Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ Дафтари ЮНЕСКО омода аст кумаки техникӣ расонад.
Ширин Амонзода барои ҳамкории муштараки ЮНЕСКО бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, бахусус дар самти таҳсилоти ибтидои касбӣ ва таълими калонсолон изҳори минатдорӣ намуд. Зимни вохӯрӣ оид ба дигар масъалаҳо вобаста ба саҳми ЮНЕСКО барои қонеъ намудани ниёзҳои таҳсил ва омӯзиши гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.
Дар фарҷом масъалаҳо марбут ба ҳамкории минбаъда дар самти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва тайёр кардани кадрҳо, ки ба амалисозии барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳои мамлакат ҷиҳати рушди таҳсилоти босифат равона шудаанд, баррасӣ гардиданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






