Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои 4-уми директорони киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон баргузор гардид, ки дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, директорон-аъзои Шӯро аз Киностудияи миллии «Беларусфилм», Агентии кинематографистони Ҷумҳурии Узбекистон, Киноконсерни «Узбекфилм», «Қазоқфилм», Иттиҳодияи эҷодӣ-истеҳсолии «Студияи филмҳои ҳуҷҷатии Санкт-Петербург» иштирок намуда, сухан гуфтанд.
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён Шӯрои 4-уми директорони киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистонро ифтитоҳ карда, баргузории онро барои офаридани филмҳои муштарак ва муаррифии ҳунари киноофарии тамоми аъзои ин Шӯро муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас иштирокдорон масъалаҳои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар филмофарии муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин зикр шуд, ки фаъолият ва неруи эҷодию техникии киностудияҳо муаррифӣ ва минбаъ ҳамкорӣ барои офаридани филмҳои муштарак тавсеа дода мешавад.
Ҳамчунин дар доираи ҷаласаи Шӯрои мазкур нақшаи лоиҳаҳои муштарак ва Ёддошти ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Киностудияи миллии «Беларусфилм» ва Иттиҳодияи эҷодӣ-истеҳсолии «Студияи филмҳои ҳуҷҷатии Санкт-Петербург» баррасӣ гардид.
Дар ҷараёни кори ҷаласаи Шӯро директорон ва филмофарони «Озарбойҷонфилм», «Арменфилм», «Грузия-филм», Маркази миллии кинематографияи Молдова, Киноконсерни «Ленфилм» ва «Туркменфилм» тариқи онлайн андешаҳояшонро иброз намуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ролики видеоӣ дар бораи ҳамкории Шӯрои директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон, инчунин филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки 24 сентябри соли 2019 дар заминаи Студияи миллии «Беларусфилм» нахустин ҷаласаи Шӯрои мудирони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон баргузор шуд. Дар кори Шӯро иштирокчиён дар бобати инкишофи киностудияхои давлатӣ мубодилаи таҷриба карда, роҳҳои ҳалли мушкилоти умумӣ ва ҳамкориро дар татбиқи лоиҳаҳои якҷоя баррасӣ намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки аз 21 то 24 декабри соли 2021 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи сеюми Шӯрои мудирони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон баргузор гардид, ки дар он директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён сухан гуфт.
Ҳадафи асосии Шӯро муттаҳид кардани талошҳо, инчунин таҳия ва ҷорӣ намудани механизмҳои нави густариши ҳамкорӣ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид






