Имрӯз Муҳаммадхуҷа Яқубов баҳри дарёфти унвони номзад ба чемпиони ҷаҳон бо ҳарифи амрикоияш рақобат мекунад
ДУШАНБЕ, 18.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 март дар шаҳри Дубай дар доираи сабқати Probellum Evolution муштзани маъруфи тоҷик Муҳаммадхуҷа Яқубов (18-0) ва О’Шаки Фостери амрикоӣ (18-2) баҳри дарёфти унвони номзад ба чемпиони ҷаҳон аз рӯи фарзияи WBC вориди ринг мешаванд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Рақобати варзишгарон аз рӯи вазни дуюми миёнаи сабук (59 кг) баргузор мешавад. Муҳаммадхуҷа Яқубови тоҷикистонӣ кайҳо боз зери фарзияи WBC рақобат мекунад – соли 2018 ӯ қаҳрамони байналмилалии Шӯрои муштзанони умумиҷаҳонӣ (WBC) шуда, панҷ маротиба муваффақона унвонашро дифоъ намуд, ки ду маротибаашон ба соли қаблӣ иттифоқ афтод. Фостер соҳиби унвони чемпиони Шӯрои умумиҷаҳонии муштзанон (WBC) дар соли 2019 буда, як маротиба унвонашро дифоъ намудааст.
Дар мавриди рақобат Яқубов ва Фостер дар Конвенсияи ҳарсолаи 59-умини WBC ба мувофиқа расида буданд.
Мавриди зикр аст, ки Муҳаммадхуҷа Яқубов муштзани касбиест, ки айни ҳол дар Русия зиндагиву тамрин менамояд. Ин варзишгар дорандаи якчанд унвонҳои минтақавӣ ва миёни ҷавонон аз рӯи фарзияҳои WBC, WBA, IBF ва WBO мебошад.
Дар оғози баргузории рақобат Яқубов ва Фостер муваффақона рафти вазнкаширо паси сар намуданд. Маълум гардид, ки намояндаи RCC Boxing Promotions Муҳаммадхуҷа Яқубов (18-0) 58,8 кг ва Фостер — 58,85 кг вазн дорад.
АКС: ТВ «Варзиш»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд










Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






