ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Таъмини маҳсулоти бехатар кафолати солимии ҷомеа аст

Март 15, 2022 11:45

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар тамоми бозорҳои истеъмолӣ ва нуқтаҳои бузурги фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ 65 адад озмоишгоҳҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ, Маркази миллӣ ва 22 адад марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият дошта, тамоми маҳсулот баъди назарсанҷӣ барои истифода ва истеъмол иҷозат дода мешавад. Дар ин бора имрӯз Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид ФАЙЗУЛЛОЗОДА дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон изҳори назар намуд.

Муҳаммадсаид Файзуллозода дар идомаи  суҳбат гуфт, ки дар шароити гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ, инчунин зиёд  шудани шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон дастрасӣ ба маводи бехатарии озуқаворӣ масъалаи ҳаётан муҳим ва рӯзмарра гардидааст. Дар ин замина Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ҳамчун мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом дода, бо мақсади татбиқи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола 15 март ҷашн гирифта мешавад, зери шиори «Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба ғизои солим ва хизматрасонии муносиб» чорабиниҳои заруриро дар доираи ваколатҳои худ ба сомон мерасонад.

Бо назардошти сатҳи ҷаҳонӣ доштани масъалаи мазкур 9 апрели соли 1985 Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон қабул гардид, ки мақом ва мартабаашро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардошт. 25 ноябри соли 2010 ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин бобат қарори махсус ба тасвиб расонид, ки тибқи он минбаъд дар мамлакатҳои Иттиҳод 15 март Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пазируфта ва ҳамасола таҷлил карда  мешавад.

Назорат оид ба сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизои мардум (бахусус чорводорӣ ва растанигӣ) имрӯз дар раванди занҷири пурраи истеҳсол, коркарду истеъмол ё ин ки «аз саҳро то рӯи миз» таҳти назорати мақомоти назорати бехатарии озуқаворӣ қарор дода шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқии муайян қабул намудааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аз 9 декабри соли 2004 дар таҳрири нав қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунанда ва фурӯшандагонро дар мавриди хариди молу маҳсулот ва фармоиши кору хизматрасонӣ ба танзим медарорад.

«Нақши асосии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, ки қонунгузор муайян намудааст, ин таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, пешгирии ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат ва татбиқи чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятии ҳайвонот ва организмҳои зараррасони карантинии растанӣ мебошад. Аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар соли 2021 дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1 100 768 ташхис, аз ҷумла 245 508 ташхиси гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 106 956 ташхиси шир ва маҳсулоти ширӣ,   12 253 ташхиси равған, 64 385 ташхиси тухм, 7 823 ташхиси маҳсулоти моҳигӣ, 5 971 ташхиси асал, 67 521 ташхиси маҳсулоти намакин, 46 303 маҳсулоти хушк, 511 339 ташхиси мева ва буттамеваи тару тоза, 32 709 ташхиси маҳсулоти полезӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб тибқи талаботи байторию беҳдоштӣ маҳсулоти ба истеъмол ҷавобгӯ набуда, аз ҷумла 42 774,4 кг маҳсулоти гӯштӣ, 16 599,7 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 1 795,7 литр равғани растанӣ, 25 714 дона тухми паранда, 852,9 кг моҳӣ, 602,6 кг асал, 4 344,3 кг маҳсулоти намакин, 7 474,2 маҳсулоти хушк, 144 035,6 кг меваю сабзавот ва 29 942,4 маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян ва аз фурӯш боздошта шуда, нобуд карда шуданд»,-афзуд Муҳаммадсаид Файзуллозода.


Инчунин нисбат ба бемории ангалӣ (паразитӣ) 2 942 ҳодиса  муайян карда шуд,  ки дар натиҷа 18 957 кг маҳсулоти гӯштӣ ва узвҳои дохилӣ бекор дониста, нобуд карда шуд.

Дар самти пешгирии воридот ва ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат дар соли 2021 дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти масъул 12,8 тонна қимаи гӯшти мурғ, 55,3 тонна (1005455 дона) тухми ғизоии мурғ, 114,5 тонна гӯшти рони мурғ, 16,2 тонна апелсин, 3,4 тонна мандарин ва 1,5 тонна грейпфрут, 23 тонна чой ва 20 тонна харбуза, ки бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва роҳбаладӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда буданд, боздошт гардида, дар асоси хулосаҳои ташхис  тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда шуданд.

Ҳамзамон баҳри пешгирии ҳолатҳои ба ҷумҳурӣ ворид намудани маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ  36 адад нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва нақлиёт назорат бурда истодаанд.

Дар сурати муайян намудани қонунвайронкунӣ ҳангоми парвариш, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ аз ҷониби мутахассисони мақомоти бехатарии озукаворӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима баста  мешаванд.

Соли 2021 нисбат ба 2838 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи байторӣ-беҳдоштӣ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб ба маблағи 523 669 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, ба буҷаи давлат ворид карда шуд. Давоми 2 моҳи соли 2022 нисбат ба 246 нафар санадҳо тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб ба маблағи 50754 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, ба буҷаи давлат ворид карда шудааст.

Дар робита ба Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби Кумита зиёда аз 2000 адад буклетҳо бо фарогирии маълумоти марбут ба таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ омода карда шуда, дар бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳо паҳн карда шуданд.

 

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: бойгонӣ ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ

Март 15, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хатлон 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид
Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд