Корхонаи «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид»-и ВКД-и Русия пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон филиали он кушода шавад

Март 28, 2022 11:18

ДУШАНБЕ, 28.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кушодани филиали Корхонаи воҳиди федералии «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки 80 фисади коргузорӣ зимни таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо пеш аз оғози сафар ба роҳ монда шавад. Баъди ворид гардидан ба қаламрави Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ аллакай соҳиби иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ буда, метавонанд ҳамон замон ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намоянд. Ҳамзамон шаҳрвандон имконият пайдо мекунанд, ки пеш аз сафар аз ташхиси тиббӣ гузашта, бо шароити кории корфармо, қарордоди меҳнатӣ, музди меҳнати худ огоҳ гарданд ва пас аз муайян намудан бе миёнарав, бо музди меҳнати нисбатан зиёдтар ба кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ сафар намоянд.

Ин пешниҳодро муовини якуми директори Корхонаи воҳиди федералии «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Сергей Куликов зимни мулоқот бо муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ баён кард, хабар дод ба АМИТ «Ховар» масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Салимзода Каримҷон.

Сергей Куликов дар мулоқоти мазкур ҳамчунин  изҳор дошт, ки дар ҳолати ҷонибдорӣ гардидани пешниҳод вобаста ба содда гардонидани ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, омодаанд, ки бо гурӯҳи кории  КВД «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид» -и ВКД  Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намояд.

Ёдовар мешавем, ки аз 14 то 18 марти соли равон  дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Русия VI – умин Форуми байналмилалии меҳнат доир гардид, ки дар он муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Зоҳир Мирзозода  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки  дар доираи сафарӣ корӣ ба шаҳри Санкт – Петербург муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ 18 март бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни ҳуҷҷатгузории муҳоҷирони меҳнатӣ бо муовини якуми директори Корхонаи воҳиди федералии «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Сергей Куликов мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Зоҳир Мирзозода, муовинони директори Корхонаи воҳиди федералии «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Сергей Богданов, муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград оид ба муҳоҷират Галина Безимянная иштирок намуданд.


Иттилоъ дода шуд, ки Корхонаи воҳиди федералии «Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия  бо таҳияи банду басти ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ, гузариш аз ташхиси тиббӣ, супоридани изи ангушт, хизматрасонии иттилоотӣ ва машваратӣ оид ба масъалаҳои вуруд, будубош, таҳия ва қабули аризаҳо ҷиҳати бақайдгирии муҳоҷиратӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), ки мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод менамояд, машғул буда, дар баробари шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург дар 57 минтақаи Федератсия Русия филиалҳои худро дошта, дар филиали шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград дар як рӯз имконияти қабули беш аз 1500 нафар шаҳрванди хориҷиро дорад. Инчунин корхонаи мазкур  дар доираи созишномаҳои дуҷониба бо як қатор кишваҳори узви ИДМ намояндагиҳои худро  дар хориҷи кишвар низ таъсис дода, ба шаҳрвандони хориҷӣ  иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсия Русияро  медиҳад.

Зимни  ин вохӯрӣ тарафҳо  маҷмуи масъалаҳои муҳоҷиратиро дар Федератсияи Русия, алалхусус дар шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ, мусоидат ба омоданамоии ҳуҷҷатҳои қонунӣ, таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), содданамоии ҳуҷҷатҳо барои муайяннамоии ҳолати саломатӣ,  ваъзи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мубодилаи афкор карданд.

Зикр гардид, ки тибқи тағийрот ба қонунгузории муҳоҷиратӣ пас аз гузаштани ташхиси изи ангуштон ба муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳодатномаи изи ангушт дода мешавад, ки муҳлати амали он 10 сол мебошад.

Аз ҷониби ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи пешниҳод намудани бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо ҷониби Федератсияи Русия мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифу пешниҳодҳои муфид  баён гардиданд. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки гузаштан аз ташхиси изи ангушт, ки барои дарёфти патент лозим аст, дар мадди аввал гузаронида шавад. Ин талабот имкон медиҳад, ки вобаста ба ваъзи ҳуқуқии муҳоҷири меҳнатӣ маълумоти умумӣ пайдо мегардад ва барои пешгирии  хароҷоти маблағҳои зиёдатӣ аз ҷониби муҳоҷири меҳнатӣ мусоидат менамояд.

 

АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират

Март 28, 2022 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон паёмрасони миллӣ- ORIZ ба фаъолият оғоз намуд
Вазъи беҳтар кардани некӯаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивии онҳо баррасӣ гардид
Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешавад
Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд
Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид