Кумитаҳои олимпии Тоҷикистон ва Индонезия ҳамкориро рушд медиҳанд
ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Кумитаи олимпии Индонезия, ноиби Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Раҷа Сапта Октоҳарӣ, ки барои иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ ба Тоҷикистон омадааст, 26 март ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқоти ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров бо Президенти Кумитаи олимпии Индонезия Раҷа Сапта Октоҳарӣ масъалаҳои рушди ҳамкории тарафайн баррасӣ шуданд.
Раҷа Сапта Октоҳарӣ аз он ки Тоҷикистон Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳро мизбонӣ мекунад, изҳори хушҳолӣ намуда, ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён кард.
Дилшод Назаров зимни суҳбат гуфт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус доранд ва чанд соли охир иншооти варзишии сатҳи байналмилалӣ ба истифода дода шуданд. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон бори аввал Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳро мизбонӣ кунад.
Ҷонибҳо барои дар фурсати наздиктарин ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум ба мувофиқа расиданд.
Президенти Кумитаи олимпии Индонезия Раҷа Сапта Октоҳарӣ ва ҳамроҳонаш Осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-и КМО Тоҷикистонро тамошо карда, бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик шинос шуданд.
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт






