Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар. Бо ҷавонони фаъоли шаҳри Гулистон мулоқоти судманд доир шуд

Март 7, 2022 09:10

ДУШАНБЕ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо иштироки таълимгирандагони маҳфилҳои амалкунандаи марказ доир ба дӯст доштани Ватан ва баланд бардоштани ҳувияти миллии наврасону ҷавонон маҳфили сиёсӣ  баргузор гардид, хабар доданд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба АМИТ «Ховар».

Дар маҳфил мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси татбиқи забони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ва директори Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр Эмомалӣ Бобоев иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки ба истифода додани муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳр имконияти васеи омӯзиши касбу ҳунар ва тақвияти донишҳои замонавиро фароҳам овард.

Марказ дорои тамоми шароити таълим ва касбомӯзӣ мебошад. Роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дошта, пайваста ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби таҳсил талош доранд. Раванди ҷаҳонишавӣ моро водор месозад, ки ба омӯхтани илму дониш ва забонҳои хориҷӣ саъй намуда, ба ин васила барои муаррифии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи мусоид ба вуҷуд орем ва дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб омода бошем.

Зимни ҳамоиш доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ миёни онҳо бо иштирокдорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Аз хонандагон даъват карда шуд, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», стипендияи Раиси шаҳр ва стипедияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳо ва стипендияҳои дигар фаъолона иштирок намоянд ва бо комёбиҳои худ шаҳри Гулистонро дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ муаррифӣ намоянд.

 

АКС: МИҲД н.Гулистон

Март 7, 2022 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад