МАТБУОТ — ОИНАИ ТАМОМНАМОИ ҶОМЕА. Ба шарафи Рӯзи матбуоти тоҷик дар ДДЗТ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи Рӯзи матбуоти тоҷик 10 март дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Матбуот -оинаи тамомнамои ҷомеа» маҳфил баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, устодони Донишкада, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва меҳмонон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ректори донишкадаи мазкур Жило Гулназарзода зимни маҳфил зикр кард, ки Воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар ҷомеаи имрӯза мавқеи меҳварӣ ва калидӣ доранд. Барои ба даст овардани истиқлоли фикрӣ, нишон додани авзои ростин ва воқеии ҷомеа ВАО нуфузи назаррас дорад.
“Имрӯз ҳаётро бидуни воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан имконнопазир аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки 11 марти соли 1912 нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ба нашр расидааст ва ҳамасола ин рӯз дар ҷумҳурӣ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад. Имсол ба нашри нахустрӯзномаи тоҷикӣ 110 сол пур мешавад, ки ин рӯйдоди муҳим ва таъсиргузор дар таърихи миллати мост”,-ибрози назар намуд Жило Гулназарзода.
Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз дошта буданд, ки «воситаҳои ахбори омма авзои ҳар ҷомеаро ифода карда, ба доираи васеи мардум имконият медиҳанд, ки ҷараёнҳои тунду тези ҳаёти башарро дарк кунанд ва дар маҷмӯъ манфиатҳои миллии хешро дар раванди талошҳои геополитикӣ эҳсос ва ҳимоя намоянд.
Зимни ҳамоиш намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мавриди нашри аввалин рӯзномаи «Бухорои шариф», рушди матбуот дар замони соҳибистиқлолӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ба ҳозирин маълумот доданд. Зикр шуд, ки матбуот дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фароҳам омадани шароиту имконияти озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устувор ишғол намуд.
Дар ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти Донишкадаи мазкур ба намояндагони ВАО Сипоснома ва туҳфаҳо супорида шуданд.
Дар охири ҳамоиш муҳассилини Донишкада бо чанд забон иштирокдоронро бо Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфта, бо барномаи рангини фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: ДДЗТ











«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






