Миёни Тоҷикистон ва Корея оид ба сохтмони метро дар Душанбе Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Роҳи оҳани миллии Корея оид ба сохтмони метро дар шаҳри Душанбе 14 март баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ёддошти тафоҳумро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби ширкати Роҳи оҳани миллии Корея, раис — директори иҷроияи он Ким Ҳангёнг ба имзо расониданд.
Азим Иброҳим зикр кард, ки баимзорасонии тафоҳумномаи мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҳамкории дуҷонибаи ниҳодҳоямонро қавӣ намоем.
«Ёддошти тафоҳум имконияти ҷалби ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяро барои татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиёт, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, васеъ менамояд», — таъкид намуд Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.
АКС: Вазорати нақлиёти ҶТ








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






