МОДАРИ ЧИРАДАСТ. Дар Муъминобод ҳунарҳои мардумӣ эҳё мешаванд
МУЪМИНОБОД, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон (2019-2021) ва эҳёю рушд ёфтани ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз дар шаҳру деҳоти мамлакат даҳҳо мактаби ҳунармандон боз шуда, аксари занону духтарон ба дӯхтани куртаҳои чакан ва зардӯзӣ шурӯъ намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Ҳоло занони пиронсол низ ба чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва қуроқбофӣ машғул буда, маҳбуби аҳли ҷомеа гаштаанд.
Сокини ноҳияи Муъминобод Сайёрамо Абдуллоева яке аз занони чирадасти машҳури ноҳия ба шумор рафта, айни ҳол дар синни 74- солагӣ ба дӯхтани куртаи арӯсӣ, рӯйпӯши гаҳвора, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомаи мардона, тоқии чакан ва болишту кӯрпа машғул буда, ба шогирдони зиёде касб омӯзондааст. Имрӯз духтарон, келин ва наберагон ҳунари модарашонро омӯхта, мустақилона ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Тавре Сайёрамо Абдуллоева иброз дошт, то инҷониб зиёда аз 200 адад либосҳои зардӯзӣ ва куртаҳои гуногуни чакан дӯхта, дар чандин чорабиниҳои фарҳангии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби ифтихорномаҳо гаштааст.
Ин зани пиронсоли чирадаст тасмим гирифтааст дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи хуҷастапай дар намоишҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ иштирок намуда, ҳунари худро ба мардум нишон диҳад.
Аз суҳбати ин зани рӯзгордида маълум гардид, ки ӯ ба ғайр аз дӯхтани либос ба пухтани нон ва хӯрокҳои миллӣ низ машғул буда, имрӯзҳо маҳбуби аҳли маҳалла мебошад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»











Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






