МУБОРАК БОД! Муҳаммадризо Қувватов медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба курашро ба даст овард

Март 21, 2022 13:45

ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми 11-умин Чемпионати Осиё оид ба кураш, ки 19-20 март дар Қасри теннис ва маҷмааи намудҳои варзиши обӣ ҷараён дошт, паҳлавони тоҷик Муҳаммадризо Қувватов (-60 кг) бо мағлуб  намудани Абдулазиз Ҳамроев аз Узбекистон сазовори медали тилло гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТВ «Варзиш» хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба кураш варзишгарон аз 24 давлати Осиё иштирок дошта, дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгари Тоҷикистон Дадахон Қурбоналиев (+100 кг) нишони тилло ба даст овард.

Ҳамчунин дар рӯзи дуюми мусобиқа се варзишгари дигари тоҷик Фазилат Гулбоева (57 кг) ва Субҳиддин Халилзода (-73 кг) дар ҷойи дуюм ва  Абубакри Акобир (-100 кг) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.

Натиҷаҳои умумии рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба кураш Душанбе 2022

Бонувон

-48кг

  1. Диана Йеҳ (Тайпей)
  2. Моҳинур Мӯъминова (Узбекистон)
  3. Сранг Тин То (Ветнам)
  4. Малапрабҳа Чатҳав (Ҳиндустон)

-57кг

  1. Ибодатхон Агоҷонова (Узбекистон)
  2. Фазилат Гулбоева (Тоҷикистон)
  3. Йу-Ҳсуан Чуанг (Тайпей)
  4. Саовалак Ҳомклин (Тайланд)

-63кг

  1. Оля Ҳамидова (Узбекистон)
  2. Садаф Ардашер (Эрон)
  3. Йу-Чинг Ченг (Тайпей)
  4. Бҳартӣ (Ҳиндустон)

-78кг

  1. Филура (Узбекистон)
  2. С. Алиакбар (Эрон)
  3. Чиа-Линг Лиу (Тайпей)
  4. Манприт (Ҳиндустон)

+78кг

  1. Фотима Бармакӣ (Эрон)
  2. Ти Танҳ Тран (Ветнам)
  3. Ситора Хусанова (Узбекистон)
  4. Ҷиттима Сирикарн (Тайланд)

Мардҳо

-60кг

  1. Муҳаммадризо Қувватов (Тоҷикистон)
  2. Абдулазиз Ҳамроев (Узбекистон)
  3. Хатансайхан Амарсанаа (Муғулистон)
  4. Баримонлу Алӣ Муҳаммадӣ (Эрон)

-73кг

  1. Илёс Сабзалӣ Покдил (Эрон)
  2. Субҳиддин Халилзод (Тоҷикистон)
  3. Муҳаммад Муҳаммад (Кувейт)
  4. Нгок Сон Ву (Ветнам)

-100кг

  1. Ҷавон Ҳайдар Алӣ Муродӣ (Эрон)
  2. Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон)
  3. Абубакри Акобир (Тоҷикистон)
  4. Вишал (Ҳиндустон)

 

АКС: ТВ «Варзиш»

Март 21, 2022 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд