Муниза Баҳриддинзода, подполковники милитсия: «Паҳлӯ ба паҳлӯ бо мардон ба Ватан хизмат кардан ифтихор аст»
ДУШАНБЕ, 08.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти милитсия дар шароити имрӯза такягоҳи боэътимоди давлати мустақилу соҳибихтиёр ва демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар ин ниҳод занону бонувони тоҷик дар вазифаҳои гуногун бо иродаи матину азми қавӣ, дили софу тинати пок ва дастовардҳои назаррраси корӣ фаъолият менамоянд.
Дар арафаи Рӯзи Модар хабарнигори АМИТ «Ховар» бо яке аз бонувони ҷавон, сардори котиботи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Муниза БАҲРИДДИНЗОДА мусоҳиб шуд.
АМИТ «Ховар»: — Мехостем нахуст оид ба фаъолият дар мақомот ба мо маълумот медодед
Муниза Баҳриддинзода: — Пас аз хатми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятамро дар мақомот оғоз кардам. Фаъолияти ман аз вазифаи нозири калони корҳои тарбиявии шуъбачаи кор бо ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардида, то соли 2017 дар онҷо адои вазифа кардам. Баъдан ҳамон сол ба вазифаи нозири калони кор бо ҳайати шахсии ШВКД-2 дар ноҳияи Сино гузашта, то соли 2019 кор кардам. Сипас бо дастгирии роҳбарияти РВКД дар шаҳри Душанбе ба ҳайси нозири калони реҷаи котиботи шуъбаи махфӣ таъйин гардидаму чанд муддат пас ба вазифаи сардори котиботи РВКД дар шаҳри Душанбе таъйин шудам. То ҳол дар вазифаи мазкур фаъолият дорам. Ҳамчунин шурӯъ аз соли 2022 Раиси Шӯрои занони РВКД ҳастам ва роҳбарии 86 нафар занон ва бонувони Раёсат ва ҷузъу томҳои онро ба уҳда дорам. Ин Шӯро тайи чанд сол аст, ки фаъолият бурда истодааст ва ман чун Раиси тозаинтихоб кӯшиш мекунам, ки баҳри дастгирии занону бонувони Раёсат чораандешӣ намуда, аз солҳои пешин дида барои пешбурди кор дар Шӯрои мазкур бо ғояҳои тозатар кор барем.
АМИТ «Ховар»: — Шахсияти баркамол ва озодфикр ҳанӯз аз овони хурдӣ дар дил фикри интихоби пешаи асосиро мепарварад. Шумо аз кадом вақт дар фикри интихоби касб шудед?
Муниза Баҳриддинзода: — Оре, ҳар инсон бояд дар зиндагӣ ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, ки соҳибақлу сохибхирад ба воя бирасад ва дар байни дӯстону наздикон обрӯю эътибор ва манзалат дошта бошад, барои ҳамин бояд соҳибкасб бошад. Барои соҳибкасб гаштан зиёд омӯхтан лозим аст, то пешаи дурустеро интихоб намоӣ. Касбе, ки ман интихоб кардаам, аз овони мактабхонӣ дар қалбам ҷой гирифтааст ва шояд суханони модарам ҳам сабаб шуданд, ки ман онро пеша кардам. Модарам фақат мегуфт, ки бобоят корманди ҳифзи ҳуқуқ буду шабу рӯз хизмати Ватанро ба ҷо меовард. Бо гузашти вақт пас аз хатми мактаб бо дастгирии волидон соли 2005 ба Академияи ВКД ҶТ дохил шудам ва соли 2009 онро бо баҳои хубу аъло ва рутбаи лейтинанти милитсия хатм намудам. Маҳз дӯст доштани касб ва кӯшишҳои пайвастаи ман ва дастгирии роҳбарият буд, ки то имрӯз ба рутбаи подполковник расидам. Мегӯянд, ки
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.
Албатта, зан-милиса будан ифтихор аст, зеро мо занҳо дар паҳлуи мардон истода, фаъолият бурда истодаем.
Вақте дар Майдони дӯстӣ парад мегузашту мо дар назди Пешвои миллат қадам мезадем, ин ба мо илҳому рӯҳияи баланд мебахшид ва дар ин лаҳзаҳо мо бо андешаи пурифтихори он ки ба ҳамин Ватану давлату миллати хеш содиқона хизмат намуда, дар ҳама ҳолат мо чун ҷавонмардони далеру шуҷоъ сина сипар намуда, давлатамонро ҳифз мекунем ва ба савганди ёднамудаи хеш содиқ мемонем, аз майдон мегузаштем.
АМИТ «Ховар»: — Масъалаи баланд бардоштани мавқеи занон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат қарор доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ сафи занон дар мақомоти корҳои дохилӣ афзуд. Ҳамин тавр не?
Муниза Баҳриддинзода: — Албатта, дар замони соҳибистиқолӣ таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба занону бонувон дучанд зиёд гардид ва бо дастгириву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ иҷро намуда истодаанд.
Мо, занон-кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ қарор дорем. Маҳз ҳамин дастгириҳост, ки имрӯз шумораи занони фаъол дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои ВКД ҶТ афзуда истодааст.
АМИТ «Ховар»: — «Хушбахт ҳамон хона, ки модар дорад», мегӯянд. Шумо ҳамчун зан-модар, зан-милиса дар ин бора чӣ андеша доред?
Муниза Баҳриддинзода: — Модар сарчашмаи ҳаёти инсон буда, ҳаёти инсон ба модар вобаста аст. То ба синни балоғат расидан ва ҳатто баъд аз он ҳам дар тамоми неку бади зинлагӣ инсон такя ба модар мекунад. Синни мо чанде ки набошад, хоҳ кӯдак бошем, хоҳ калонсол, барои мо модар, навозишу нигоҳи вай зарур аст ва ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фарахбахшу дурахшон аст. Маро дар ҳаёт модари ғамхорам дастгирӣ карду то ҳанӯз ҳам нозпарварам аст. Ӯ ҳаст, ки ман имрӯз соҳиби вазифаву соҳибкасбам, ӯ ҳаст ки имрӯз тарбияи фарзандонамро бар дӯш гирифтааст, яъне модар дар ҳама ҳолат дастгиру мададгори фарзанд аст.
Модар шахси муқаддас аст, меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад.
Ҳар фард бояд ба хотир дошта бошад, ки нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст, пас модаронро бояд дӯст дорему иззаташонро ба ҷо биёрем.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»