НАВИСАНДА — МУҲАНДИСИ РӮҲИ ОДАМИЗОД. Эҳдо ба Рӯзи умумиҷаҳонии асарнигорон

Март 3, 2022 12:22

ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 март Рӯзи умумиҷаҳонии нависанда таҷлил мегардад. Ин рӯз шурӯъ аз сеюми марти соли 1986  ҷашн гирифта мешавад. Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО ба ин муносибат андешаҳояшро иброз намуд.

Сухан силоҳи тавонои суханвар аст. Сухан ба инсон умед мебахшад, донишу фарҳангу ҷаҳонбинии ӯро мукаммал мегардонад, инсонро бо дастовардҳои таъриху ҷомеа  шинос мекунад, сухан метавонад подош бошад ва ё баръакс. Хулоса сухан оинаест, ки  инсон дар он симои худ ва дигарон, акси замину осмон, фурӯғи бахту мурод ва армонҳои имрӯзу ояндаи башариятро метавонад дарёбад. Дар тӯли асрҳо  нависандагон, шоирон, устодони сухан  ба муҳимтарин  масъалаву саволҳои рӯз ҷавоб ҷуставу посухҳо гуфтаанд ва кӯшидаанд дар асарҳои худ хусусияти хоси  даврон ва розу муаммои зиндагониро муҷалло созанд, замонеро, ки дар он зистаанд, инъикос намоянду барои наслҳои оянда раҳнамо бошанд ва сабақе барои ояндагон гузоранд.

«Нависанда муҳандиси рӯҳи одамизод аст», — гуфтааст Максим Горкий ва ин мафҳум баҳоест ҳаққониву баланд ва эътирофгардида.

Заҳмати нависандагӣ аз қадимулайём вуҷуд дошт, аммо ҳамчун касб аз замоне эътироф гардид, ки пули заҳмати нависандаро медодагӣ шуданд.  То замони мо бисёр асарҳову дастнависҳои   муаллифон ва файласуфони замони антиқа расидаанд. Пешаи нависандагиро метавон ҳама умр омӯхт ва барои худи қаламкаш ва хонанда пайваста сифатҳои наву хусусияти тозаи эҷодӣ кашф кард. Барои интихоби  ин роҳ  маҳдудияти синну сол вуҷуд надорад. Шарти аввал истеъдод аст ва шартҳои баъдина хонишу дониш ва ҳунари воло. Хеле муҳим аст, ки рисолати нависанда дар ин ҷода  ба мардум расонидани  маълумоти арзишманд  ва нигаҳ доштани мавқеи мустаҳками инсонӣ бошад.

Ғояи таҷлили ин рӯз аз куҷо пайдо шуд?

Дар оғози асри 20  ғояи таъсиси клуб-маҳфиле, ки он бояд адибон ва журналистонеро, ки барои озодии сухан  ба муқобили қалбакисозии  маълумот ва таҳрифсозии   далелҳои расмӣ мебароянд, ба ҳам оварад, ба миён омад.  Ин ғоя ва ташаббус ба  нависандазан  Кэтрин Доусон мутааллиқ буд. Ба клуб  унвони  PEN дода шуд, ки ин вожа  мухтасаршудаи калимаҳои англисии шоирон, очеркистон ва романистон  аст.  Нависандаи машҳур Ҷон Голсуорсӣ   директори он таъйин гардида, то соли 1921  ба он роҳбарӣ намуд. Ҳамоно баъд аз ҷамъомади аввал  дар дунё ёздаҳ шуъбаи он  таъсис ёфт. Имрӯз  беш аз 130   филиали он дар кишварҳои гуногун амал мекунанд.

Дар ҷамъомади навбатии  48-уми Маркази байналмиллалии  PEN   ширкаткунандагон  қарор доданд, ки  Рӯзи умумиҷаҳонии  нависанда таъсис диҳанд, ки он аз нақши адиб дар ҷаҳон ёдовар хоҳад буд. Аз он замон то ба ҳол ин ид  ҳамасола аз ҷониби  адабиётшиносон,  муҳаррирону журналистон, нависандагону очеркистон  ҷашн гирифта мешавад.

Анъанаҳои рӯзи нависанда

Як анъанаи он чунин аст, ки дар Рӯзи умумиҷаҳонии  нависанда одатан  чорабиниҳои  мутантани  адабиву фарҳангӣ, консертҳо, семинарҳо, ҷамъомади муаллифон ва публисистҳо барпо  мегарданд. Одатан дар ин рӯзҳо ҷоизаву мукофотҳои адабӣ супорида мешаванд. Дар конфронсу  машваратҳо  самтҳои нави адабиёт, бурду бохтҳои он  мавриди муҳокима қарор мегиранд. Озмунҳо, намоиши асарҳо, рӯнамои китобҳои адибон   низ аз чорабиниҳои маъмули ин рӯз аст. Мулоқот бо нависандагоне, ки дар ин рӯз аз таҷрибаи ғании худ суҳбат меороянд, низ  шоиставу ҷолиб аст.

Дар Тоҷикистон ба осори адибон арҷ мегузоранд

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кишвари фарҳангсолори мо, ки сарзамини шоирону нависандагони бузурги гузаштаву имрӯза мебошад, ин нақши шоистаро имрӯз  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иҷро мекунад, ки дар атрофи худ беш аз чаҳорсад нафар адибонро гирд овардааст.  Бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони кишвар ҷашну маросими адибони номвар, рӯзҳои шеъру сухан ва конфронсу ҷаласаву чорабиниҳои бешумори адабӣ гузаронида мешаванд, ки  метавон онҳоро  ҳамрадифи ин клуб-маҳфили байналмилалӣ ҳисобид.  Яъне тарғиби нависанда, осори ӯ, шиносоӣ бо ӯву асарҳояш,  ёдбуди адибони гузашта аз чорабиниҳои пайваста буда, арҷгузорӣ ба адибон ва осори онҳо  дар кишвари адабдӯсту адибпарвари мо дар партави  сиёсати фарҳангдӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои фарҳангдӯсти миллатамон амалӣ мегардад. Ва суханони Президенти адабдӯсти мо- “Ман шоиронро дӯст медорам”, ки кайҳо вирди забонҳо шудаанд, кумакҳои пайвастаи Ҳукумат ва Президенти муҳтарамамон  барои нашри китобҳои нависандагон, таъсиси озмунҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки низ ҳадафҳои волои дастгирӣ аз адабиёту аҳли қаламро дорад, гувоҳи арҷгузории баланд ба заҳмати нависандагону адабиёт дар кишвари мо мебошанд.

Дар зер ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии нависанда чанд далелҳои таваҷҷуҳангез ва хонданиро аз ҳаёти адибони  машҳури олам пешниҳоди шумо мегардонем.

Нависандаи номдори моҷаронавис Артур Конан Дойл дар асари худ бахшида ба Шерлок Холмс  усулҳои нави ҷустуҷӯи далелҳоро, ки  ҳанӯз ба полис номаълум буданд, ба қалам овардааст. Баъдтар ин усулҳо аз ҷониби полис васеъ истифода мешуданд.

***

Агата Кристӣ дар асарҳои детективӣ чунин услубро истифода мебурд: баъд аз он ки  қиссаро то боби охир менавишт, яке аз қаҳрамонони аз ҳама  нонамоёнро  интихоб карда,  аз ӯ ҷинояткор месохт. Ба оғози асар бозгашта,  баъзе лаҳзаҳоро андаке тағйир дода, ӯро  дар ҳоли ноҳинҷор мемононд.

***

Ҳангоми зиндагонияш Франс Кафко машҳур набуд. Дар тамоми рӯзгори худ ӯ тавонист танҳо якчанд ҳикояашро  аз чоп барорад. Пеш аз марг ӯ ба васии худ васият кард, ки  тамоми дастнависҳояшро  бисӯзонад.  Аммо он нафар ин васияти  мирандаро  иҷро накард ва ин боис шуд, ки нависанда баъд аз марги худ машҳури олам шавад.

***

Дар замони Ҷанги якуми ҷаҳон ба нависанда Аркадий Аверченко манъ карданд, ки дар ҳикояи ҳарбияш ибораи “Ҳаво хеле кабуд буд”-ро истифода барад. Зеро аз рӯи он душман  метавонист дарк кунад, ки  амалиёт дар ҷануб сурат мегирад ва мавқеи ҷанговарони рус муайян мешуд.

***

Номи аслии Корней Чуковский- Николай Василевич Корнейчуков  мебошад.  Ҳангоми таваллуд ӯ насаби модарро гирифт, аммо аз нахустин навиштааш  тахаллуси Корней Чуковскийро қабул кард.

***

Дар тамоми даврони зиндагӣ боре ҳам касе Антон Чеховро дар ҳолати ғайриозода надидааст.  Ӯ ҳамеша ба зоҳири худ аҳамият медод, ҳатто ба сари мизи корӣ ҳам бо костюми расмии ҷойхезӣ  менишаст.

***

Александр Пушкин хеле тундхӯ буд. Ва пайваста дар дуэлҳо иштирок мекард.  Боре ӯ ҳатто бо  дӯсти наздикаш Кюхелбекер ба ҳам тирпаронӣ карданд, ба хотири он ки ӯ бо шӯхии дағал ба иззати нафсаш расида буд. Он гоҳ кор бе фоҷиа анҷом ёфт, зеро  секундантҳо дар туфангчаҳо ба ҷои тир клюква ( як навъи меваи нордони буттагӣ )  ҷой карда  буданд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Март 3, 2022 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид