«Наврӯз пайвандгари миллатҳо ва тамаддунҳо»- таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид

Март 23, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи Наврӯз — пайвандгари миллатҳо ва тамаддунҳо” баргузор гардид. Дар ин бора дар Маркази мазкур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки  Наврӯз ҷашнест, ки тамоми инсону мавҷудоти оламро рӯҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. “Ин ҷашни бостонии ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин идҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама,  ба кишоварзон неруву илҳоми тоза мебахшад. Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас,  оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд”,-қайн намуд Х.Усмонзода.

Зикр гардид, ки Наврӯзи имсола аҳаммияти хос дорад, зеро таҷлили он дар рӯзҳое сурат мегирад, ки мардуми ҳимматбаланду бунёдкори мо сохтмони иншоотҳои барои Ватанамон тақдирсозро майдони кору пайкори созанда эълон карда, барои вусъати тоза бахшидан ба бунёди онҳо ҳама чун як тан камари ҳиммат бастаанд. Мардуми ватанпараст, бунёдкор ва заҳматпешаи Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои олии умумимиллӣ неруи худро дареғ нахоҳанд дошт ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявию моддӣ, азму иродаи қавӣ ва неруи тавонои халқи шарафманду ободгарамон ба ин ҳадафҳои олӣ ноил хоҳем гашт.

Дар ҳамоиш сардори Раёсати таъминоти иттилоотии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мавзӯи  “Бозтоби зуҳури ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихӣ” ва котиби матбуотии Марказ Қиёмиддин Сатторӣ  дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми байналмилалӣ касб намудани ҷашни Наврӯз” суханронӣ намуданд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти МТС ҶТ

Март 23, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд