ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон борон борида, раъду барқ ба амал меояд

Март 6, 2022 08:26

ДУШАНБЕ, 06.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ борони борида, раъду барқ ба амал меояд, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 11+16  дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3+8  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок, борони кӯтоҳмуддат дар баъзе ҳолатҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа гарм, рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 6, 2022 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад