ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 5-8 март дар Тоҷикистон вазъи ҳаво номусоид мешавад

Март 4, 2022 14:14

ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 8 март бо сабаби номусоид гардидани вазъи обу ҳаво дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ бориш, дар водиҳо асосан боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5-9 март дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон эҳтимоли сар задани зуҳуроти селӣ, дар минтақаҳои кӯҳии ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма дар назар аст. 6-7 март дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки бар асари бориш хатари баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Яхсу ва Қизилсу (ҷануб) ва дар рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, боқӣ монда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма ва сангрезиҳо, махсусан дар роҳҳои Душанбе — Айнӣ, Душанбе — Лахш, Душанбе — Сангвор, Душанбе — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим дар назар аст.

Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода намуда, то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои хатарнок бо рақамҳои 112, 93 880 28 19 ё ба шуъбаи навбатдор бо рақами 223 13 11 занг занед.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 4, 2022 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд