«ҶОМИ НАВРӮЗ-2022». Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Намангон бо дастаи Уганда бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022», ки аз 25 то 29 март дар шаҳри Намангони Узбекистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар «Ҷоми Наврӯз-2022» чаҳор дастаи миллӣ — Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Уганда ширкат мекунанд.
Дар даври ½-ниҳоии мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 март бо дастаи миллии Уганда бозӣ мекунад. Дар бозии дигари нимниҳоӣ ҳамон рӯз дастаҳои Узбекистон ва Қирғизистон вомехӯранд.
Ғолибони даври нимниҳоӣ дар даври ниҳоии «Ҷоми Наврӯз-2022» ва мағлубшудаҳо дар бозӣ барои ҷойи сеюм рақобат мекунанд.
Ташкилкунандаи «Ҷоми Наврӯз-2022» Ассотсиатсияи футболи Узбекистон мебошад.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»
Нимфинал
25 март (ҷумъа)
16:00 — Уганда — ТОҶИКИСТОН
20:00 — Узбекистон — Қирғизистон
29 март (сешанбе)
16-00 — Бозӣ барои ҷойи сеюм
20-00 — Финал
Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд.
АКС: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






