«ҶОМИ НАВРӮЗ-2022». Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм бозӣ мекунанд

Март 29, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022», ки  дар шаҳри  Намангони Ҷумҳурии Узбекистон   ҷараён дорад, дастаҳои мунтахаби футболи     Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм миёни ҳам  рақобат мекунанд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 25 март дар  шаҳри  Намангони Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Уганда оғоз ёфт, ки то 29 март идома меёбад. Дар бозии нахустини нимниҳоӣ дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо  дастаи   мунтахаби Уганда вориди майдон шуд ва вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Баҳри муайян кардани ғолиб дастаҳо пас аз бозии бидуни гол дар сӣ дақиқаи иловашуда ба задани силсилазарбаҳои пеналтӣ пардохтанд, ки дар он дастаи  мунтахаби миллии Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби   Уганда бо ҳисоби 4:5 мағлуб шуд.

Дар бозии дигари даври нимниҳоии мусобиқа дар ҳамин рӯз  дастаи  мунтахаби Узбекистон дастаи мунтахаби  Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Ҳамин тариқ  дастаҳои  мунтахаби  Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм миёни ҳам  рақобат мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки   дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Уганда дар финал барои дарёфти  «Ҷоми Наврӯз-2022» бо ҳам  қувва месанҷанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»

Нимфинал

25 март (ҷумъа)

Уганда — ТОҶИКИСТОН (1:1, силсилазарбаҳои пеналтӣ 5:4)

Узбекистон — Қирғизистон (3:1)

29 март (сешанбе)

16-00 — ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

20-00 — Уганда – Узбекистон

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд.

АКС: ФФТ

Март 29, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад