Пешвои миллат матбуотро чашму гӯши халқ номидаанд,- бардошт аз ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кӯлоб

Март 10, 2022 10:04

ДУШАНБЕ, 10.03.2022 /АМИТ «Ховар» /. 9 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд, хабар доданд ба АМИТ  «Ховар» дар бахши матбуоти мақомоти мазкур.

Дар ҷамъомад иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, собиқадорони матбуот ва рӯзноманигороне, ки дар минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунанд иштирок доштанд.

Бахтиёр Назарзода зикр кард, ки ҳамасола 11 март дар саросари Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. 110 сол муқаддам дар ин рӯз нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ба табъ расидааст, ки рӯйдоди муҳим ва таъсиргузор дар таърихи миллати мо маҳсуб мешавад.

«Имрӯз ҳаётро бидуни воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ матбуоти тоҷик, аз ҷумла рӯзноманигорони вилояти Хатлон дар набардҳои иттилоотӣ баҳри ҳифзи арзишу манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти фазои иттилоотии мамлакат собитқадамона ширкат варзида, дар ташаккули афкори созандаи ҷомеа баҳри рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми бориз мегузоранд»,- афзуд Бахтиёр Назарзода.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода гуфт, ки матбуоти тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудият ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат буда, чун сарчашмаи муътамади иттилоъ боқӣ мондааст. Матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа, бахусус дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фароҳам омадани шароиту имконияти озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устувор ишғол намуд. Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро чашму гӯши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи мардумсолорӣ номидаанд.

Дар ҷаласа собиқадорони матбуот, шоир Ҳақназар Ғоиб, директори телевизиони «Кӯлоб» Сафаралӣ Бозорзода ва  сармуҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Ҷаҳонгири Рустамшо доир ба роҳҳои тайнамудаи  матбуоти тоҷик сухан гуфтанд.

Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб як зумра собиқадорони матбуот, рӯзноманигорони фаъол барои масъулияти баланди касбӣ, хизмати созанда дар инъикоси дастовардҳои халқу давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

 АКСҲО: бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

 

Март 10, 2022 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад