Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бо сокинон ва фаъолони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шуғнон мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар доираи сафари корӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Вер ва Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон бо фаъолон ва сокинон мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.
Раиси вилоят вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифати нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои давлатӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ибрози назар кард.
Ҳамчунин мавсуф масъулинро вазифадор намуд, ки доир ба омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани раванди корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили шоистаи ин ҷашни таърихӣ тадбир андешанд.
Алишер Мирзонабот ҳамзамон оид ба рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, роҳу нақлиёт, саноат, соҳибкорӣ, сайёҳӣ, варзиш, дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат, ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ ибрози андеша кард.
Мавсуф инчунин изҳори боварӣ кард, ки сокинони ноҳияи Шуғнон дар амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош намуда, 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистони азизамонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол менамоянд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби сокинони ҷамоатҳои деҳоти Вер ва Ванқалъа дархосту пешниҳод оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда пешкаши роҳбарияти вилоят гардиданд. Раиси вилоят масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор намуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин пешниҳодоти сокинонро баррасӣ карда, барои иҷрои онҳо тадбирҳои заруриро андешанд.
АКСҲО: МИҲД-и н. Шуғнон











Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






