Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ пешниҳоди дар Ҳиндустон ва Қазоқистон гузаронидани машқҳои муштаракро дастгирӣ намуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай (СМЗ СҲШ) дар ҷаласаи 37-ум дар Тошканд пешниҳоди баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористии «Манесар – Антитеррор-2022» дар соли 2022 дар Ҳиндустон ва Қазоқистон ва амалиёти сарҳадии «Сарҳади дӯстӣ – 2022»-ро ҷонибдорӣ намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи панҷшанбеи 25 март хадамоти матбуоти ин сохтор иттилоъ додааст.
«Пешниҳоди ҷониби Ҳиндустон дар бораи соли 2022 дар қаламрави ин кишвар баргузор намудани тамрини зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ «Манесар – Антитеррор 2022», инчунин аз ҷониби Қазоқистон гузаронидани амалиёти муштараки сарҳадии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ «Сарҳади дӯстӣ — 2022» дастгирӣ ёфт»,-омадааст дар иттилоия.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотӣ, ҷаласаи навбатии 38-уми Шӯрои СМЗ СҲШ моҳи октябри соли равон дар Ҳиндустон баргузор мешавад. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар ҷаласаи охир намояндаи Узбекистон Руслан Мирзоев масъулияти директори СМЗ СҲШ-ро бар уҳда гирифт.
СМЗ сохтори доимамалкунандаи СҲШ мебошад, ки соли 2002 барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм таъсис ёфтааст. Ҳоло аъзои СҲШ Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон мебошанд. Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка маҳсуб мешаванд. Дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар моҳи сентябри соли 2021 дар Душанбе тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон оғоз шуд. Идораи марказии СМЗ дар Тошканд ҷойгир аст.
АКС: «Синхуа»








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид






