Ширкати ҳавопаймоии «Сибирь»-и Русия парвозҳояшро ба Тоҷикистон муваққатан қатъ менамояд

Март 9, 2022 15:25

ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Русия  «Сибирь» эълон кард, ки дар қатори дигар давлатҳо парвозҳояшро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муваққатан қатъ менамояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ширкати ҳавопаймоии «Сибирь» эълон кард, ки ба тамоми мусофироне, ки аз ин ширкат чипта харидорӣ намудаанд, маблағи чиптаро пурра бармегардонад.

Дар айни замон вобаста ба амалишавии парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Русия аз ҷониби мақомоти авиатсияи граждании кишвар ягон маҳдудият ва монеа татбиқ нашудааст.

Бояд гуфт, ки дар хатсайрҳои ҳавоии ҷонибҳо панҷ ширкати ҳавопаймоӣ – «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон, «ЮтЭйр», «Сибирь», «Уральские авиалинии» ва «Северный Ветер»-и Русия парвозҳои мунтазами байналмилалиро амалӣ менамуданд.

Дар аввали моҳи марти соли равон нисбатан кам гардидани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба мушоҳида мерасад. Сабаби он байни ҷонибҳо ба қабули қарори муваққатан манъ кардани парвозҳои ширкати ҳавопаймоии Русия — «Сибирь» рабт дорад.

Инчунин ширкати дигари Русия – «Северный Ветер» қарор қабул кард, ки парвозҳои мунтазамро ба Тоҷикистон маҳдуд намуда, як қисми парвозҳояшро муваққатан қатъ намояд. Новобаста ба ин, Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи хатсайрҳо ва афзоиш додани парвозҳо чораҷӯӣ намуда, дар ин самт бо маъмуриятҳои авиатсионии кишварҳои хориҷи дуру наздик ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорию корбарӣ намуда, барои ташкили хатсайрҳои зарурӣ тадбирҳои дахлдор меандешад.

 

АКС: © Sputnik / Александр Кряжев

Март 9, 2022 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд