Шумораи 100-уми бюллетени иттилоотӣ «Оид ба роҳҳои мубориза бар зидди коронавирус дар кишварҳои ИДМ» нашр гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи 100-уми бюллетени иттилоотӣ «Оид ба роҳҳои мубориза бар зидди коронавирус дар кишварҳои ИДМ» нашр гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Бюллетен, ки аз ҷониби Департаменти иттилоотӣ ва таҳлилии Кумитаи иҷроияи ИДМ таҳия шудааст, маълумот дар бораи тадбирҳои мубориза бар зидди коронавирусро дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи аз 25 феврал то 3 марти соли 2022 дар бар мегирад.
Дар бахши Тоҷикистон аз ду маводи нашрнамудаи АМИТ «Ховар» иқтисобҳои зерин оварда шудаанд:
26 феврал, АМИТ «Ховар»: Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то санаи 23 феврал тибқи нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба COVID-19 5 008 284 нафар шаҳрвандони кишвар (89,4 фоиз) эм карда шуда, 4 288 826 нафар (76,6 фоиз) вояи дуюм ва 315 476 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ вояи сеюмро гирифтаанд.
2 март, АМИТ «Ховар»: 1 март ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентӣ оид ба рушди байналмилалии ИМА як қатор воситаҳои лабораторӣ барои ошкор кардани штаммҳои нави COVID-19 тақдим гардид. Дар давраи пандемия ИМА дар доираи ҳамкории дуҷониба ба Тоҷикистон дар мубориза бар зидди сирояти коронавирус кумаки башардӯстона расонид. Аз ҷумла ба ҷумҳурӣ миқдори зарурии ваксинаҳои «Модерна» ва «Пфайзер» дастрас карда шуд.
АКС: скриншот аз рӯйи муқоваи бюллетен








Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»






